Май 14, 2020 12:30 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи як атбоъи тоҷик ба раҳо кардани навзоди худ дар хиёбон

Як зани табаъаи Тоҷикистон навзоди худро дар истгоҳи афтобуси Санктпетербург раҳо кард.

Ба нақл аз Тоҷикта ,як зани тоҷик ба мақомоти пулис эътироф кард ,ки навзоди худро дар истгоҳи афтобус раҳо кардааст. Раҳгузарон ва обирони пиёда кудаки Ӯро дар ҳоле ,ки дар адёл печидашуда буд пайдо ва таҳвили пулиси шаҳр доданд.

Ин навзод билофосила ба бемористон мунтақил шуд ва пизишкон вазияти навзодро мутавасит арзёбӣ ва пас аз муоинаи навзод ташхис доданд ,ки дучори осеби мағзии ноши аз гуруснагӣ ва камбуди оксиген ҳангоми зоимон аст.

Ин табаъаи 39 солаи тоҷик ҳамчунин ба пулис гуфт ,ки ин навзодро 10 рӯз пеш дар бадунё овардааст. Бо таҳқиқоти пулис мушахас шуд ин зан бекор аст ва ба тозагӣ барои касби даромад ба Русия омада аммо то кунун дар ҳеҷ ҷое машғули кор нашудааст.