Беҳбуд ёфтани Раҳматуллоҳ Зоиров ва Фарҳоди Зокир аз “Ковид -19”
Ду шахсияти сиёсӣ ва ҳунарии Тоҷикистон, ки ба “Ковид -19” гирифтор шуда буданд, аз беҳбуди нисбии хеш ва аз пушти сар гузоштани як давраи сангини дармон хабар додаанд.
Раҳматуллоҳ Зоиров дар сафҳаи Фейсбуки худ навиштааст, ки пас аз 9 рӯзи дармон тоза муваффақ ба нафас кашидан шуда ва бо шукри ин неъмати илоҳӣ аз даргоҳи Худованд барои тамоми беморони “Ковид -19” талаби шифои оҷил кардааст.
Ҳамчунин Фарҳоди Зокир, мудири гурӯҳи ҳунарӣ ба номи “Дарё”, вобаста ба Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки ба ҳамроҳи падару модараш ба далели мубтало шудан ба вируси корона дар бемористоне дар шаҳри Душанбе бистарӣ буд, аз беҳбуди хеш хабар додааст.
Вай таъкид кардааст, ки барои ба ҷо овардани шукри неъмати саломатӣ, ки Худованд дубора ба ӯ ва хонаводааш ато кард, довталабона ба кумак ба беморон хоҳад рафт.
Фарҳоди Зокир аз мардуми Тоҷикистон дархост кардааст, ки ҳарчӣ дар тавон доранд, барои кумак ба пизишкон, беморони мубтало ба “Ковид -19” ва афроди ниёзманд ҳазина кунанд.
Ба гуфтаи Фарҳоди Зокир, мардум дар нахустин иқдом бояд барои эҳдои хун ба беморон иқдом кунанд, ки амали худописандона дар моҳи мубораки Рамазон хоҳад буд.