Сабти чаҳор мавриди дигари фавт бар асари вируси корона дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 15 May 2020 15:20:00 GMT )
Май 15, 2020 20:20 Asia/Dushanbe
  • Сабти чаҳор мавриди дигари фавт бар асари вируси корона дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта чаҳор нафари дигар дар ин кишвар бар асари мубтало шудан ба “Ковид -19” ҷон бохтанд.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, бо дар назар гирифтани омори имрӯзи Вазорати тандурустии Тоҷикистон то рӯзи ҷумъа, 15 май, теъдоди кулли мавориди фавт бар асари вируси корона дар ин кишвар ба 33 нафар расид.

Дар Тоҷикистон ҳамчунин бо шиносоии 211 бемори “Ковид -19”  дар 24 соати гузашта, теъдоди кулли мубталоён ба ин беморӣ акнун ба як ҳазору 118 нафар расидааст.

Аммо сомонаи https://kvtj.info, ки аз рӯзи 9 май омори мустақиле аз қурбониёни вируси корона дар Тоҷикистонро бо мушаххасоти ин афрод мунташир мекунад, теъдоди ҷонбохтагонро 211 нафар эълом кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон чаҳор ҳазору 297 мавриди машкук ба “Ковид -19”  низ зери назари пизишкон дар қарантина ҳастанд.