Фавти раиси полиси раҳнамоӣ ва ронандагии минтақаи Зафаробод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53766
Сардори полиси роҳнамоӣ ва ронандагии ноҳияи Зафаробод бар асари бемории уфунати шуш фавт кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 18, 2020 18:01 Asia/Dushanbe
  • Фавти раиси полиси раҳнамоӣ ва ронандагии минтақаи Зафаробод

Сардори полиси роҳнамоӣ ва ронандагии ноҳияи Зафаробод бар асари бемории уфунати шуш фавт кард.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон ба нақл аз Спутник майор Абдулғанӣ Ҷурақулов соли 1965  дар минтақаи Айнии вилояти Суғд ба дунё омад. Вай ҳудуди 20 сол дар бозрасии давлатии автомобилии ноҳияи Айнӣ кор кард.

Солҳои тӯлонӣ ӯ нозири калони шӯъбаи фании бозрасии ҳаракат дар ноҳияи Айнӣ буд. 

Ҷурақулов якуним сол пеш то замони фавт раиси полиси раҳнамоӣ ва ронандагии минтақаи Зафаробод буд.