Май 21, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Фавти ҷарроҳи машҳури тоҷик бар асари ибтило ба коронавирус

Ҷарроҳи машҳур Саидшоҳ Акрамов бар асари ибтило ба бемории коронавирус дар Тоҷикистон даргузашт.

Рӯзи 21 май Саидшоҳ Акрамзода, табиби ҳозиқ, донишманд, равшанфикр ва ватанпарасти тоҷик дар синни 72 дар минтақаи Мастчоҳ аз олам чашм пӯшид. Ин ҷарроҳи тоҷик бо ташхиси бемории коронавирус чанд рӯз дар бемористон бистарӣ шуда буд.

Саидшоҳ Акрамов 27 апрели соли 1948 дар дезаи Виткони Кӯҳистони Мастчоҳ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна соли 1965 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил гардида, онро соли 1971 хатм намудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ ба деҳа баргашта яке аз аввалин ҷарроҳони ноҳияи Мастчоҳ шуда, фаъолиятро оғоз намуда, то ба имрӯз шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст.

Саидшоҳ Акрамов дар баробари табиби варзидаву нотакрор будан, ба адабиёти тоҷик  хусусан ба осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, аз адабиёти Ғарб аз Нитшеву Кафка, Сорту Камю огаҳии зиёд дошта, абёти зиёде аз осори Мавлонои Румро ҳифз намудааст.

Мақолоти дар мавзӯи фарҳанг нашрнамудаи ӯро ба инобат гирифта Вазорати фарҳанги ҶТ соли 2012 Саидшоҳро ба нишони "Аълочии фарҳанги ҶТ" қадр кардааст.