Ирсоли кумакҳои техникии Жопон ба Тоҷикистон
(last modified 2020-05-23T11:36:58+00:00 )
Май 23, 2020 16:36 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кумакҳои техникии Жопон ба Тоҷикистон

Жопон таҷҳизоти техникӣ барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ирсол кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Авесто, мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ва дифои мадании Тоҷикистон таҷҳизоти техникӣ ва муҳандисиро барои амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот аз намояндагони кишвари Жопон таҳвил гирифтанд.

Ин таҷҳизотро давлати Жопон дар қолаби барномаи тавсеаи Созмони Миллал дар Тоҷикистон ба ин кишвар ирсол кард.

Дастгоҳҳои ҷустуҷӯ ва шиносоии афроди дар зери овор, дастгоҳҳои контроли гарду чанг, рентгени дастӣ , дастгоҳҳои савтӣ барои ҷустуҷӯи қурбониён, санҷҳои лазерӣ барои зихомат ва ҷобаҷоӣ, кулоҳи эминии муҳофиз аз ҷумла таҷҳизоти техникии таҳвил додашудаи Жопон ба мақомоти Тоҷикистон аст.