Май 26, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • 16 пешниҳоди Зоиров барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси ҳизби мухолифи социал-демократи Тоҷикистон барои ислоҳи қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар 16 пешниҳод ироа кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз саҳифаи Раҳматулло Зоиров дар Фейсбук, вай дар ин тарҳ, ки ба раиси ҷумҳурӣ ва раисони ҳар ду Маҷлиси намояндагон ва миллии Тоҷикистон ирсол карда, хостори ислоҳи қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар шудааст. 

Пешниҳодҳои Зоиров мавориде ҳамчун тадвини феҳристи тамоми воҷидони шароити рай додан, мушаххас кардани теъдоди дақиқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Россия ва фароҳамсозии мушорикати онон, эътои ҳаққи пешниҳоди номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба коргарони муҳоҷир, роҳандозии электороникии шумориши оро, судури муҷаввизи ҳузури намояндагони номзадҳо дар ҳама ҳазҳаҳои райгирӣ, баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи қонуни интихобот 90 рӯз қабл аз замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро шомил мешавад. 

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри имсол баргузор мегардад. 

Дар маҳофили коршиносии Тоҷикистон ва минтақа ин пурсиш матраҳ аст, ки дар ин давр аз интихобот шахси Имомали Раҳмон, ки дар ҳама интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 ширкат карда ва пирӯз шудааст, бори дигар номзад хоҳад шуд ё писараш Рустами Имомали шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҷонишини падар хоҳад шуд. 

Барчасп