Интисоби намояндаи нави Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 27 May 2020 04:57:56 GMT )
Май 27, 2020 09:57 Asia/Dushanbe
  • Интисоби намояндаи нави Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ намояндаи вижаи нави худро дар Тоҷикистон мансуб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Фарғона, Бахтигул Қориева ҷойгузини Галина Перфилиева шудааст.

Хонум Перфилиева муддате ба ин далел мавриди интиқоди расонаҳо ва фаолони маданӣ буд, ки аз мавзеи расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон бар асоси вуҷуд надоштани коронавирус дар ин кишвар ҳимоят мекард.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ду рӯз пеш аз сафари ҳайати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба ин кишвар дар рӯзи 30 апрел вуҷуди коронавирусро рад мекарданд.

Ба думболи сафари ин ҳайат Галина Перфилиева аз мақоми худ ба унвони намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ канор рафт.