Май 27, 2020 13:17 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон соли 2021

Дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ аз баргузории размоиши бузурги низомии ин созмон дар соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷикТа, Станислав Зас ин матлабро дар посух ба дархости Сироҷҷиддин Муҳриддин- вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бар асоси зарурати таваҷҷуҳи Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба вазъияти марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон иброз кард.

Зас дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ки аз тариқи видеоконфронс рӯзи 26 май баргузор гардид, вазъияти марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистонро ба далели таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ нигаронкунанда хонд.

Ба гуфтаи дабири кулли Созмони паймони амнияти ҷамъӣ баргузории размоиши бузурги низомии ин созмон посухе ба таҷаммӯи гурӯҳҳои террористӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон хоҳад буд.

Размоиши қаблии неруҳои ҳавоӣ, зиреҳӣ ва заминии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ соли 2019 низ дар Тоҷикистон ба манзури муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДОИШ дар шимоли Афғонистон, дар марзи муштараки ин ду кишвар баргузор шуда буд.

 

Барчасп