Вогузории 316 гектар замин ба ширкати металлургии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54097-Вогузории_316_гектар_замин_ба_ширкати_металлургии_Тоҷикистон
316 гектар замин дар шимоли Тоҷикистон ба корхонаи металлургии ин кишвар вогузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 30, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
  • Вогузории 316 гектар замин ба ширкати металлургии Тоҷикистон

316 гектар замин дар шимоли Тоҷикистон ба корхонаи металлургии ин кишвар вогузор шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс,ин замин дар ноҳияи Айнии минтақаи Суғд қарор дорад.

Ҳамчунин ин ширкат бояд 5 миллион сомонӣ барои ҷуброни хасорати табдили замин аз корбарии кишоварзӣ ба саноатӣ ба хазонаи давлат варид кунад.

Корхонаи металлургии Тоҷикистон бо ҳузури раиси ҷумҳури ин кишвар дар ноябри 2016 бо ҳазинаи 250 миллион сомонӣ ифтитоҳ шуд, ин корхона аз сӯи ширкати Фароз дар шаҳри Ҳисор дар замине ба масоҳати 15 гектар сохта шуд.

Коргоҳҳои тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ, рехтагарӣ, тамизкорӣ аз ҷумла бахшҳои ин корхонааст.

Ин корхона зарфияти фароварии ҳудуди 200 ҳазор тонна маводди маъданиро дар сол дорад.

Лулаҳои мухталифи оҳанӣ ва иттисолот аз ҷумла тавлидоти корхонаи металлургии Тоҷикистон аст.