Нигаронии намояндаи ҷадиди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон аз густариши корона
Намояндаи ҷадиди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон аз густариши вируси корона дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Бахтигул Қориева дар нахустин ибрози назари хеш дар бораи вируси корона дар Тоҷикистон гуфтааст, ки афзоиши теъдоди мубталоён ба бемории КОВИД-19 иқтизо мекунад, ки ҳукумат тадбирҳои вижаеро барои ҷилавгирӣ аз ин раванд иҷро кунад.
Ба гуфтаи хонум Қориева ба ин манзур таҷдиди назар дар сохтори низоми беҳдоштӣ ва дармонӣ, тағйири фаврии шароити корбарии марокизи дармонӣ ва омӯзиши кадрҳои пизишкӣ ва мутахассисони вирусшинос дар Тоҷикистон зарурӣ аст.
Вай муътақид аст, ки Тоҷикистон бояд ба тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар заминаи рафъи комили густариши вируси корона дар ин кишвар, афзоиши рӯзонаи ғарболгарӣ (муоинаи пешакӣ) ба манзури шиносоии мубталоён, таъмини кадри пизишкӣ бо таҷҳизот ва либосҳои ҳифозатӣ, ва таҳти муроқибат қарор додани афроди шубҳанок ба доштани ин беморӣ дар хонаҳояшон, амал кунад.
Бахтигул Қориева ахиран дар пайи афзоиши интиқодҳо аз амалкарди Галина Перфилийева- намояндаи пешини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон дар бораи корона, ҷонишини ӯ шуд.