Нахустин иқдомоти раиси вилояти Бадахшон пас аз беҳбуд аз Ковид-19
(last modified Tue, 02 Jun 2020 16:17:10 GMT )
Июн 02, 2020 21:17 Asia/Dushanbe
  • Нахустин иқдомоти раиси вилояти Бадахшон пас аз беҳбуд аз Ковид-19

Раиси вилояти Бадахшон пас аз беҳбуд аз бемории Ковид-19 мушкилоти бемористони Хоруғро баррасӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Осиё плюс, Ёдгор Файзов, ки ба наздики аз бемории Ковид-19 беҳбуд ёфтааст, дар боздид аз бемористони шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон мушкилоти ин маркази дармониро, ки пазироии 25 бемори Ковид-19 низ ҳаст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Пештар ахборе аз камбуди шадиди имконот барои дармони беморони гирифтори вируси корона дар бемористони шаҳри Хоруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуда буд, ки бо кӯмаки афроди некӯкор ба ин маркази дармонӣ ду яхсол ва дигар имконот эҳдо гардид.

Раиси вилояти Бадахшон пас аз беҳбуд аз Ковид-19 нахуст ба ноҳияи Рушони ин вилоят рафт.ки тайи якчанд рӯзи ахир ба саҳнаи эътирози сокинони маҳаллӣ ба амалкарди неруҳои интизомии вилояти Бадахшонтабдил шуда буд. 

Сокинон ба боздошти теъдоде аз гурӯҳҳои мухолифи собиқ дар даврони ҷангҳои дохилии ин кишварэътироз доштанд.

Файзов дар дидор бо мӯътаризон ваъда дод, ки шахсан барои ҳалли ин ихтилофот талош хоҳад кард ва пас аз ин суханони раиси вилояти Бадахшон мардум пароканда шуданд.