Тасвиби нишони Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”
Нишони Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” тасвиб шуд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии раиси вилояти Кӯлоб, нишони Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” бо ҳамоҳангии Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ҳайати назорат бар манотиқи озоди иқтисодӣ тасвиб шуд.
Зимни тадвини ин рамз аҳдоф ва авлавиятҳои роҳбурдии миллӣ, монанди саноатӣ шудани сареъи кишвар, эълом шудани солҳои 2019-2021 ба унвони солҳои тавсеаи гардишгарӣ ва саноати дастӣ ва тавсеаи пойдори иқтисодӣ дар назар гирифта шудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои шаҳри бостонии Кӯлоб, дар давраи тадвини ин нишон, таваҷҷуҳи вижа ба масъалаи тавсеаи пойдори иқтисодӣ, таъмини пешрафт ва тавсеаи саноат, тавлид, тиҷорат, кишоварзӣ, иқтисоди сабз, гардишгарӣ, саноати дастӣ, ба вижа гулдӯзӣ ва ҳифзи таърих ва фарҳанги ғанӣ ироа шудааст.
Нишони Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” аз 5 бахш ташкил шудааст.