Июн 11, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани “Меҳрубон” - ҳунарпешаи тоҷик ба 15 соли зиндон

Бозигари тоҷик ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон ҷурми Беҳрӯзи Саиди 25 соларо тамаъҷӯии 100 ҳазордолларӣ аз ду тоҷир бо сӯиистифода аз ному мақоми Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе эълом кард.

Гуфта мешавад, Беҳрӯзи Саид дар мулоқот бо ин афрод худро дастёри шаҳрдори шаҳри Душанбе - Рустами Эмомалӣ муаррифӣ кардааст.

Беҳрӯзи Саид бо бозӣ дар сериёли “дар орзӯи падар”, ба коргардонии падараш Саидҷони Қодирӣ шӯҳрати фаровоне касб кард. Ин сериёл дар авоили соли 2000 яке аз пурмухотабтарин осори телевизионии Тоҷикистон буд.