Октябр 05, 2016 15:27 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон: Забони тоҷикӣ муҳимтарин омили истиқлоли Тоҷикистон буд

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёме ба муносибати бузургдошти Рӯзи забон дар ин кишвар, аз забони тоҷикӣ баунвони муҳимтарин омили истиқлоли давлатӣ ва сиёсии ин кишвар ном бурд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикӣ ба муносибати бузургдошти Рӯзи забон дар ин кишвар, аз забони тоҷикӣ баунвони муҳимтарин омили истиқлоли давлатӣ ва сиёсӣ барои ин кишвар ном бурд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ бо баёни инки забони тоҷикӣ яке аз падидаҳои торихии замони истиқлол маҳсуб мешавад, таъкид кард: Истиқлоли забонӣ пояи истиқлолхоҳии ин кишварро ташкил дод .

Раҳмон дар идома афзуд: Дар замони истиқлоли Тоҷикистон, забони шевое, ки аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, қофиласолори адабиёти форсу тоҷик то Садриддин Айнӣ, бунёнгузори адабиёти ҷадиди тоҷик бар ин кишвар арза карданд, боис шуд, то ин кишвар ба беҳтарин наҳви матраҳ ва тамаддуни мардуми тоҷик ба ҳамагон намоён шавад .

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар паёми худ ҳамагонро ба покӣ ва ғано бахшидан ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ даъват кард .

Вай дар ин замина нақши муассири расонаҳоро ёдовар шуд ва таъкид кард: Лозим аст, то расонаҳо низ ба шевоӣ ва покиза нигаҳ доштани ин забон таваҷҷуҳи бештаре дошта бошанд, зеро расонаҳо оинаи забони миллӣ маҳсуб мешаванд .

Рӯзи забон то чанд сол қабл тавассути Шӯрои олии ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон рӯзи 22-и июл таъин шуда буд, ки дар чанд соли ахир бо дастури Раҳмон дар торихи 5-и октябр дар ин кишвар баргузор мешавад.

 

Барчасп