Июн 16, 2020 10:11 Asia/Dushanbe
  • Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳукмҳое чанд муовини вазир мансуб кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳукмҳое Саиднахш Раҳмонзода ва Ғафур Муҳсинзодаро ба тартиб ба симатҳои муовини вазири корҳои дохила ва муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мансуб кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Саида Умарзода, Азиз Одиназода ва Мирҳамуддин Камолзодаро низ аз муовинатҳои Вазорати тандурустӣ барканор ва Самариддин Ализода ва Зулфия Абдусамадзодаро ба унвони ҷонишини онҳо эълом кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Муҳаммадшариф Бобошозода ва Сайрам Бақозодаро низ аз симатҳои муовини аввал ва муовини раиси Кумитаи радио ва телевизион барканор кард ва ба ҷои онҳо Субҳиддин Шамсиддинзода ва Дилафрӯз Рустамзода машғул ба кор шуданд.