Таҷаммуи 500 нафар аз атбои кишварҳои мухталиф дар гузаргоҳи марзии Тоҷикистон
(last modified Tue, 16 Jun 2020 11:44:04 GMT )
Июн 16, 2020 16:44 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммуи 500 нафар аз атбои кишварҳои мухталиф дар гузаргоҳи марзии Тоҷикистон

Ҳудуди 500 нафар аз атбои кишварҳои мухталиф, ки қасд доранд аз Тоҷикистон ба кишварҳои худ бозгарданд, ба далели баста будани гузаргоҳҳои марзӣ бо мушкил мувоҷеҳ шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Миёна, ҳудуди 60 нафар аз атбое, ки қасди бозгашт аз Тоҷикистонро доранд, чанд моҳ аст дар гузаргоҳи марзии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон маътал ҳастанд, онҳо ҳатто пуле барои таҳяи ғизо ва маскан надоранд.

Шаҳрвандони рус чандин маротиба аз сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд дархости кӯмак карданд, аммо мушкили онҳо ҳамчунон ҳал нашудааст.

Дар ҳамин ҳол масъулони сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд эълом карданд, ин тасмимро мақомоти аршади Тоҷикистон иттихоз карданд.

Ин мақомот гуфтанд, имрӯз (15 июн) гурӯҳе аз шаҳрвандони Русия ба консулгарӣ муроҷиат карданд, ки қасд доштанд Тоҷикистонро аз тариқи Ӯзбакистон ва Қазоқистон бо мошинҳои шахсӣ ба мақсади Русия тарк кунанд, аммо марз дар ҳоли ҳозир баста аст.

Масъулони сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд тасреҳ карданд, на танҳо шаҳрвандони Русия , балки шаҳрвандони соири кишварҳо ҳам наметавонанд аз Тоҷикистон хориҷ шаванд.

Онҳо хотирнишон кардандҳам консулгарӣ ва ҳам сафорат аз вазъияти онҳо огоҳ аст ва то ҷое, ки имкон дошта бошад барои рафъи мушкили онҳо иқдом хоҳад шуд, вале фароҳам кардани шароити хуруҷи атбоъ аз тариқи кишварҳои солис бисёр душвор аст, зеро ҳама марзҳо баста аст.