Июн 20, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • Дасти холии 80 дарсади коргарони муҳоҷири тоҷик дар моҳҳои апрел ва май

Мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти вобаста ба Фарҳангистони илми Русия эълом кард: 80 дарсади коргарони муҳоҷири тоҷик дар моҳҳои апрел ва май маблағе ба Тоҷикистон нафиристодаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Сергей Риязантсев муътақид аст, ки ҳатто дар сурати бардоштани маҳдудиятҳои иҷроишуда дар пайи густариши вируси корона дар Русия ба замони зиёде ниёз аст то бо фаол шудани марокизи тавлидӣ ва тиҷорӣ, коргарони муҳоҷири тоҷик битавонанд аз имкони ирсоли даромад ба кишвари хеш бархурдор гарданд.

Вай таъкид кардааст, ки ба эҳтимоли зиёд  дар охирҳои соли 2020 марокизи саноатии Русия ба тавони даврони қабл аз густариши вируси корона боз мегарданд ва заминаи касби даромад барои коргарони муҳоҷир аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон фароҳам мешавад.

Дар ҳамин ҳол Бонки марказии Русия аз коҳиши қобили таваҷҷуҳи интиқоли пули коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон дар се моҳи нахусти имсол хабар дод.

Бар асоси гузориши Бонки марказии Русия дар ин муддат аз Русия ба Тоҷикистон 359 миллион доллар даромади коргарони муҳоҷири тоҷик мунтақил шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 22.3 дарсад камтар мебошад.

 

Барчасп