61 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон бо як фавтида
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54682-61_мавриди_нави_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон_бо_як_фавтида
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар шабонарӯзи ахир 61 мавриди нави КОВИД-19 дар ин кишвар бо як фавтида сабт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 20, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • 61 мавриди  нави  КОВИД-19 дар Тоҷикистон бо як фавтида

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар шабонарӯзи ахир 61 мавриди нави КОВИД-19 дар ин кишвар бо як фавтида сабт шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то рӯзи шанбе  20 июн дар ин кишвар теъдоди фавтидагон бар асари вируси корона бо як маврид афзоиш ба 52 нафар расидааст.

Ин вазоратхона теъдоди умумии ашхоси мубтало ба КОВИД-19 дар Тоҷикистонро то рӯзи шанбе 20 июн панҷ ҳазору 99 нафар эълом кард.

Тибқи маълумоти Вазорати  тандурустии Тоҷикистон то соати 19 рӯзи шанбе 20 июн дар ин кишвар се ҳазору 894 нафар низ аз бемории КОВИД-19 беҳбуд ёфтаанд, ки беш аз 71 дарсад аз кулли беморони шифоёфтаро ташкил мекунад.  

Бо ин ҳол наздик ба 200 нафар таҳти муроқибатҳои пизишкӣ дар бемористонҳо ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 қарор дода шудаанд.