Июн 21, 2020 12:01 Asia/Dushanbe
  • Камбуди  ҳудуди  ҳазор пизишк ва ҳамшираи шафқат дар марокизи дармонии вилояти Суғд

Мақомоти вилояти Суғд аз камбуди садҳо пизишк ва ҳамшираи шафқат дар марокизи дармонии шимоли Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, Зайнура Азимӣ- муовини раиси вилояти Суғд  дар нишасти Шурои намояндагони ин минтақа дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, ки дар шароити густариши вируси корона дар марокизи дармонии шимоли Тоҷикистон бо камбуди  800 пизишк ва 150 ҳамшираи шафқат рӯбарӯ ҳастанд.

Вай таъкид кардааст, ки камбуди пизишкони мутахассис дар марокизи дармонии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Спитамен ва Кӯҳистони Мастчоҳ машҳуд мебошад ва бояд барои таъмини кадри дармонӣ дар ин минтақаҳо барномарезӣ кард.

Ҳарчанд  дар  солҳои  ахир 800 пизишк ва панҷ ҳазору 200 ҳамшираи шафқати нав барои фаолият дар  марокизи  дармонии вилояти Суғд  ҷазб шудаанд, ҳануз ҳам камбуди кадри дармонӣ аз мушкилоти ин бахш аст.