Эъзом кардани довталабон барои барқарор кардани хонаҳое, ки дар натиҷаи сел дар вилояти Хуросон тахриб шудаанд
Июн 22, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
Як қатор довталабон барои кӯмак дар барқарорсозии хонаҳое, ки дар натиҷаи обхезӣ дар Хуросон тахриб шудаанд, фиристода мешаванд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, як гурӯҳи 40 нафарӣ аз довталабони ҷавонони Тоҷикистон зери назари кумитаи ҷавонон ва варзиши ин кишвар барои кӯмак ба сокинони осебдида аз вуқӯи сел ба ноҳияи Хуросон сафар мекунанд.
Ин афрод барои такмили сохти маскани сокинон ба ноҳияи Хуросон мераванд.
Барои сохту сози сохтмонҳои маскунии ҷадид 65 тонна семент низ ба ин ноҳия мунтақил шудааст.