Даргузашти рӯҳонии саршиноси тоҷик дар Русия
Яке аз рӯҳониёни машҳури шимоли Тоҷикистон бар асари мубтало шудани эҳтимолӣ ба бемории КОВИД-19 дар Русия даргузашт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Абдураҳими Дӯстматов маъруф ба Домулло Абдураҳими Понғозӣ, рӯҳонӣ ва некӯкори саршиноси тоҷик дар синни 63 солагӣ дар шаҳри Ижевски Ҷумҳурии худмухтори Удмурти Русия дори фониро видоъ гуфт.
Домулло Абдураҳими Понғозӣ барои ҷамъоварии кумак ба манзури сохти бемористон дар ноҳияи Ашти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии худмухтори Удмурти Русия рафта буд, ки дар онҷо даргузашт.
Вай пеш аз вафот бо интишори видеое аз мубтало шуданаш ба дарди роҳҳои нафас шабеҳи он чи дар беморони корона шоеъ аст шикоят дошт.
Домулло Абдураҳим, ки дар даврони шуравӣ дарсҳои диниро назди донишмандони исломии маъруфи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ фаро гирифта буд бо оғози ҷанги дохилӣ маҷбур ба муҳоҷират ба кишварҳои исломӣ шуд.
Вай дар ин даврон муддате ҳам дар дасти фармондеҳи Ризвон, яке аз фармондеҳони мухолифи сулҳи Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуда буд.
Домулло Абдураҳим пас аз барқарории сулҳ ба Тоҷикистон баргашта ва барои ободонии кишвар камари ҳиммат баст.
Бо талошҳои ӯ масҷиди бузурги Нури Имон дар шаҳристони Ашт дар шимоли Тоҷикистон ва чандин мадраса ва ҷода сохта шудааст.