Боздошти як мақоми Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон
Июн 25, 2020 12:12 Asia/Dushanbe
Яке аз масулони бахши ҳифозати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба далели қаллобӣ боздошт шуд.
Ба нақл аз Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ,Амруллоҳ Мирзоев бо ҳамкории Сино Юсуфов аз яке аз сокинони шаҳри Душанбе қалобӣ кардаанд. Мирзоев ва Юсуфов мутаҳам ҳастанд дар моҳи апрели 2019 , дар изои дарёфти 203 ҳазор сомонӣ ришва аз Дилноза Муродова, замине барои Ӯ аз идораи марбута тамалук кунанд дар ҳоле,ки пас аз дарёфти пул ҳеҷ коре барои ин шаҳрванди Душанбе накарданд. Ин мақоми Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба ҳамроҳи ҳамдасташ аз ду шаҳрванди дигар ба номҳои Назараллоҳов ва Гулов зууди 400 ҳазор сомонӣ ришва дарёфт кард.
Алайҳи Мирзоев ва Юсуфов ба иттиҳоми қалобӣ парвандаи қазоӣ ташкил шудааст.