Июн 27, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик

Коршиноси тоҷик мӯътақид аст, коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷир, мӯҷиби кунд шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Баҳрӣ Баҳриев бо ишора ба дароомади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия гуфт:

Тоҷикистон яке аз 5 кишвари ҷаҳон аст, ки тавлиди нохолиси милли он, ба пулҳои ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ вобаста аст.

Ӯ ҳамчунин гуфт:

Ба далели афзоиши ҳазинаҳои ношӣ аз густариши коронавирус дар Тоҷикистон, дар ин кишвар касрии буҷа афзоиш хоҳад ёфт ва дарёфти вомҳои ҷадид аз ниҳодҳои миллии байналмилалӣ низ мӯҷиби боло рафтани бадеҳии хориҷии ин кишвар мешавад.