Июн 27, 2020 20:21 Asia/Dushanbe
  • Як миллион рубл кумаки коргарони муҳоҷир ба бемористони рустоии Ворухи ноҳияи Исфара

Теъдоде аз коргарони муҳоҷири тоҷики аҳли рустои Ворухи ноҳияи Исфара ба 118 нафар аз пизишкон ва ҳамшираҳои шафқати бемористони ин минтақа як миллион рубл кумак карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ин кумаки нақдӣ илова бар ирсоли либосҳои ҳифозатии пизишкӣ, дору ва маводди безараргардонӣ аст, ки ин муҳоҷирон аз Русия барои ёрӣ ба кадри дармонии бемористони рустоии Ворух ба манзури муқобила бо густариши вируси корона ирсол кардаанд.

Ин кумакҳо таи маросиме ба муносибати рӯзи 27 июн (Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон) ба кадри дармонии бемористони Ворух эҳдо шуд.

Рустои Ворухи ноҳияи Исфара бо беш аз 30 ҳазор ҷамъият яке аз бузургтарин рустоҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меояд, ки дар дохили қаламрави Қирғизистон ва минтақаи мавриди ихтилофи марзии ду кишвар воқеъ шудааст.

 

Барчасп