Июн 28, 2020 11:39 Asia/Dushanbe

Раиси бемористони Ибни Синои шаҳри Душанбе муътақид аст густариши вируси корона дар Тоҷикистон бори дигар зарурати ислоҳоти бунёдин дар низоми тандурустии ин кишварро нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, доктор Абдухалил Холиқзода дар саҳифаи Фейсбуки худ навиштааст, ки будҷаи бахши тандурустии Тоҷикистон дар сол як миллиарду 800 миллион сомонӣ (баробар бо 180 миллион доллар) мебошад, ки барои бахши дармони ин кишвар нокофӣ аст.

Вай таъкид кардааст, ки барои дармони ҳар бемори КОВИД-19-и дорои вазъи вазнин дар бемористони Ибни Сино 40 ҳазору 628 сомонӣ (баробар бо чаҳор ҳазору 600 доллар) ҳазина мешавад ва танҳо нархи як намуди доруи ин беморон 9 ҳазор сомонӣ мебошад.

Холиқзода афзудааст: Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дархост мекунанд, ки ҳазинаи дармони беморони вируси корона коҳиш ёбад, аммо ҳазинаи озмоишҳо, воридоти таҷҳизот ва дору аз хориҷ, маоши кадри дармонӣ, ки ночиз мебошад ва пардохти андозро чигуна таъмин кунем?

Вай афзудааст, ки мутахассисони бахши дармонии Тоҷикистон аз имкони мушорикат дар давраҳои донишафзоӣ дар хориҷ бархурдор нестанд то битавонанд бо бемориҳои нав ошно шаванд ва роҳҳои дармонро фаро гиранд.

Абдухалил Холиқзода муътақид аст, ки бидуни анҷоми ислоҳоти бунёдин умедвор будан ба беҳбуди вазъи тандурустии Тоҷикистон ғайримумкин аст.

 

Барчасп