Саронаи тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тайи панҷ моҳи имсол
(last modified Sun, 05 Jul 2020 07:52:05 GMT )
Июл 05, 2020 12:52 Asia/Dushanbe
  • Саронаи тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тайи панҷ моҳи имсол

Ожонси давлатии омори Тоҷикистон саронаи тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тайи панҷ моҳи нахусти имсолро бар асоси тавони минтақаҳои ин кишвар эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, ин шохис дар вилояти Суғд ду ҳазору 100 сомонӣ, дар шаҳри Душанбе як ҳазору 100 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон 966 сомонӣ будааст.

Бар асоси ин гузориш вилояти Суғд дар моҳҳои январ то майи соли равон 51 дарсад аз маҳсулоти саноатии Тоҷикистонро тавлид кардааст.

Ин шохис дар вилояти Хатлон 28.7 дарсад, дар навоҳии тобеи марказ 10.4 дарсад, дар шаҳри Душанбе 9.3 дарсад ва дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон камтар аз як дарсад будааст.