Тадвини қонуни ҷадиди молиёт дар Тоҷикистон
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз оғози кори тадвини қонуни ҷадиди молиёти ин кишвар то поёни соли ҷорӣ хабар дод.
Ба нақл аз дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин матлабро Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон эълом кардааст.
Вай таъкид кардааст, ки дар қонуни ҷадиди молиёти Тоҷикистон дархостҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва фаъолони бахши хусусӣ, дар бораи зарурати коҳиши мизони молиёти дарёфтӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон ба далели қарор гирифтан дар радифи 10 кишвари нахусти ҷаҳон аз нигоҳи молиёти дарёфтӣ, ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои молии байналмилалӣ ва фаъолони бахши хусусии дохилӣ будааст.