Тавзеҳоти сафири Тоҷикистон дар Маскав дар бораи бозгардондани шаҳрвандони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон
(last modified 2020-07-07T04:08:49+00:00 )
Июл 07, 2020 09:08 Asia/Dushanbe

Сафири Тоҷикистон дар Русия дар бораи гилоя ва шикваи бархе шаҳрвандони тоҷик аз наҳваи фуруши чиптаи парвозҳои Русия ба мақсади Тоҷикистон тавзеҳ дод.

Набуди назм дар фуруш ва гарон будани нархи чиптаи парвозҳои вижа аз Русия ба Тоҷикистон сабаби гилоя ва шикваи бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия шудааст, зеро онҳо мегӯянд, ки дар байни мусофирон ба ҷои беморон ва солхурдагон шаҳрвандони солим ва ҷавон ба чашм мехурданд, ки ҳеҷ зарурате барои дар авлавият қарор гирифтани онҳо барои бозгардондан ба Тоҷикистон вуҷуд надошт.

Имомддин Сатторов- сафири Тоҷикистон дар Русия  ҳам гуфт: Дар оянда теъдоде парвоз барои бозгардондани шаҳрвандони тоҷик дар назар гирифта шудааст.