Дархости намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон барои афзоиши теъдоди рӯзонаи озмоиши корона
(last modified 2020-07-07T07:42:54+00:00 )
Июл 07, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Дархости намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон барои афзоиши теъдоди рӯзонаи озмоиши корона

Намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хосторои афзоиши теъдоди озмоиши корона дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, Бахтигул Қориева гуфт: Дар ҳоли ҳозир ҳаррӯз дар марказҳои дармонии Тоҷикистон аз 1000 нафар аз афроди гумонбар ба ибтило ба корона озмоиш гирифта мешавад, ки ин теъдод бояд 4 баробар афзоиш ёбад.

Вай таъкид кард, барои иҷроӣ кардани ин барнома бояд озмоишгоҳҳои мобилии корона дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон фаъол шавад.

Ӯ афзуд: Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин бора бо Русия ва чанд кишвари дигар тавофуқ карданд.

Намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон гуфт: Ба дархости ҳукумати Тоҷикистон акнун чанд гурӯҳ аз матахассисони хориҷӣ дар ин кишвар ба кадри дармонии тоҷик роҳҳои беҳбуди сифати хизматрасонии беҳдоштӣ, пешгирӣ аз густариши корона ва тарзи анҷоми озмоишҳои мухталифро омӯзиш медиҳанд.

Ба гуфтаи намояндаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар Душанбе дар пайи андешидани ин тадбирҳо теъдоди мубталоён ба корона дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи 20 рӯзи гузашта коҳиш ёфтааст.