Чаро кӯршабпаракҳо дар Тоҷикистон азият мекашанд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55205-Чаро_кӯршабпаракҳо_дар_Тоҷикистон_азият_мекашанд
20 намуди кӯршабпарак дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2020 09:13 Asia/Dushanbe
  • Чаро кӯршабпаракҳо дар Тоҷикистон азият мекашанд

20 намуди кӯршабпарак дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ба гуфтаи мутахассисони ҷонваршиносӣ ин намудҳо хатарнок нестанд.

Онҳо эълом карданд, дар Тоҷикистон ҳануз ҳеч мавриди сирояти бемории уфунӣ аз ин пистондорон ба инсон гузориш нашудааст.

Ба гуфтаи мутахассисон аз назари сирояти беморӣ ба инсон ҳайвоноте монанди муш, харгӯш аз кӯршабпаракҳо сироятёбандатар ҳастанд.

Анҷумани ҳимоят аз ҳайвоноти Тоҷикистон низ эълом кард, кӯршабпаракҳо барои муҳити зист ва кишоварзӣ бисёр суд ҳастанд онҳо боиси гардаафшоии гиёҳон мешаванд, аз ҳашараҳои беморизо тағзия ва ба парокандагии базрҳои мавриди ниёз барои эҳёии ҷангалҳо ва заминҳои зироатӣ кумак мекунанд. Ба гуфтаи мутахассисони муҳит зист, як кӯршабпарак дар рӯз қодир аст се баробари вазни худ пашша ё дигар ҳашараҳои музирро бихурад,ба гуфтаи онҳо сад кӯршабпарак ба андозаи як тонна сам метавонад офатҳои заминҳои зироатиро дафъ кунад. Соли гузашта мутахассисони муҳит зист дар Тоҷикистон аз мардум хостанд, ки кӯршабпаракҳоро накушанд, аммо бисёре аз мардум ин ҳайвонотро аз байн мебаранд.