Иҷрои карантин бар 145 навъи маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55384-Иҷрои_карантин_бар_145_навъи_маҳсулоти_воридотӣ_ба_Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон аз иҷроии карантин бар 145 навъи маҳсулоти воридотӣ ба ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 13, 2020 11:54 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои карантин бар 145 навъи маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон аз иҷроии карантин бар 145 навъи маҳсулоти воридотӣ ба ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ин маҳсулот ҳангоми интиқол ба дохили Тоҷикистон дар посгоҳҳои марзӣ ва гумрукӣ мавриди озмоишҳои тахассусӣ қарор мегиранд то аз интиқоли ҳар навъ вирус ба ин кишвар ҷилавгирӣ шавад.

Бар асоси рӯйхати мунташиршуда шири хушк, харбуза, муз, картошка, меваҳои ситрусӣ, помидор, чоии хушк, равғани моеъ ва растанӣ, қаҳва, орд ва дигар маводи ғизоӣ шомили маҳсулоте мешаванд, ки бояд қабл аз вуруд ба Тоҷикистон дар озмоишгоҳҳои марзӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз вуруди ҳар навъ вирус ва паҳншавии он дар дохили Тоҷикистон дар шароити густариши бемории КОВИД-19 унвон шудааст.

Дар баёнияи ҳукумати Тоҷикистон таъкид шудааст, ки дар сурати мушоҳидаи ҳар навъ вирус дар таркиби маводи ғизоии воридотӣ тамомии ин маҳсулот нобуд карда мешавад.