Се миллион корбари интернет дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 13 Jul 2020 08:23:56 GMT )
Июл 13, 2020 13:23 Asia/Dushanbe
  • Се миллион корбари интернет дар Тоҷикистон

Мақомоти ширкати давлатии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз фаъол будани 3 миллиону 18 ҳазор корбари интернет дар ин кишвар хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, мақомоти ин хадамот дар нишасти имрӯз (душанбе 13 июл)-и худ бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 миллиону 26 ҳазор нафар муштарии телефони мобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 5 миллиону 325 ҳазору 978 нафар аз онон фаъол ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, 3 миллиону 18 ҳазор корбари интернет аз ҷумла интернети телефони мобилӣ дар Тоҷикистон фаъол мебошанд.

Дар ин нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки теъдоди муштариёни хадамоти телефони мобилӣ мавсум ба "Тоҷиктелеком" дар шаш моҳи нахусти имсол дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 10 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.

 Азсӯи дигар дар соли 2016 дар Тоҷикистон 8 миллиону 700 ҳазор симкартаи фаъоли телефони мобилӣ сабт шуда буд.

Коршиносон далели коҳиши теъдоди муштариёни телефони мобилӣ ва интернет дар Тоҷикистонро буҳрони молӣ ва гарон шудани таъруфаҳо медонанд.

Акнун таъруфаи як дақиқа муколима аз Тоҷикистон ба Русия як сомоню 20 дирам аст дар ҳоле, ки қаблан 70 дирам нарх дошт.

Ҳамчунин ташдиди назорати ҳукумат бар фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ширкатҳои фароҳамгари хадамоти телефони мобилӣ дар Тоҷикистонро маҷбур карда илова бар сабтиноми дубораи муштариёни хеш, иттилооти шиносномаии ононро ба симкартаҳояшон изофа кунанд муҷиби коҳиши теъдоди корбарон шудааст.