Июл 15, 2020 10:56 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи як тоҷик аз Русия барои барпоии намози ҷамоат дар хобгоҳ

Маркази ҳомии ҳуқуқи инсон ба номи "Сова" аз ҷарима шудан ва ихроҷи як муҳоҷири тоҷик ба далели барпо кардани намози ҷамоат дар хобгоҳи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи маркази ҳомии ҳуқуқи инсони Сова, мақомоти қудратӣ муддаӣ шудаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар утоқи хеш дар хобгоҳи коргарони муҳоҷири тоҷикстонӣ дар шаҳри Тулаи Русия барои 15 намозгузор пешнамоз буда, аммо иҷозатномаи расмии идораи муфтиёти ин минтақаро надоштааст.

Додгоҳи маҳаллӣ ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми фаъолитҳои ғайримуҷози таблиғотӣ ва ҳамоҳанг накардани хондани намози ҷамоат бо идораи муфтиёти шаҳри Тула ба пардохти ҷаримаи молӣ ба маблағи 30 ҳазор рубли русӣ ва ихроҷ аз қаламрави Русия маҳкум кардааст.

Маркази ҳомии ҳуқуқи инсони Сова таъкид кардааст, ки ин иқдом ҳушдоре ба тамоми коргарони муҳоҷири мусулмон дар Русия аст, ки бояд хондани намозҳои ҷамоати худро бо идораи муфтиёти маҳалли истиқомати хеш ҳамоҳанг кунанд ва барои хондани ин фариза дар хобгоҳҳо иҷозатнома низ дошта бошанд.