Тасвиби тағйири номи хонаводагии шаҳрвандони тоҷик аз русӣ ба форсӣ дар маҷлиси Тоҷикистон
Июл 17, 2020 17:18 Asia/Dushanbe
Маҷлиси Тоҷикистон қонунеро тасвиб кард, ки тибқи он номи хонаводагии шаҳрвандони тоҷик аз русӣ ба форсӣ тағйир мекунад.
Бар асоси ин мусавваба, номи хонаводагии мардҳо ба ҷои “ов” – “пур” ҷойгузин ва дар номи хонаводагии хонумҳо “дӯхт” ҷойгузини пасванди “ова” мешавад.
Меҳмон Бахтӣ, адиб ва андешаманди барҷастаи тоҷик ва раиси собиқи Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон гуфт, мояи дилгармӣ ва хушнудист аст, ки мақомоти Тоҷикистон бо ин мусавваба нишон доданд, ҳамчунон барои раҳоӣ аз юғи бегона ва бозгашт ба ҳувияти хеш бевақфа мекӯшанд.