Сабти як фавтидаи дигар бар асари КОВИД-19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 48 бемори нави КОВИД-19 шиносоӣ шуданд ва як мавриди фавти нав сабт гардид.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 рӯзи шанбе 18 июли 2020 теъдоди фавтидагон аз бемории КОВИД-19 дар кишвар бо як маврид афзоиш 57 нафар аст.
Ҳамчунин аз 30 апрел то 18 июл теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 6 ҳазору 834 нафар расида, ки то кунун 5 ҳазору 529 нафар (яъне 80 дарсад) аз ин беморӣ дармон шудаанд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки дар шабонарӯзи ахир 173 нафар ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 дар бемористонҳои Тоҷикистон таҳти дармон қарор дошта ва 46 тан низ пас аз беҳбуд ёфтан мураххас шудаанд.
Бо ин ҳол як ҳазор нафар низ, ки ба шакли сабуки бемории КОВИД-19 мубтало шудаанд, дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.