Июл 20, 2020 11:42 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон аз коҳиши арзиши рубли русӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон, акнун ҳар 1 ҳазор рубли русӣ дар бонкҳо ва муассисаҳои молӣ ва эътибории Тоҷикистон аз 144 то 146 сомонӣ арзиш дорад, ки нисбат ба ҳафтаи қабл се то чаҳор сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Коршиносон иллати коҳиши арзиши рубли русӣ дар Тоҷикистонро коҳиши 40 дарсадии интиқоли даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон тайи панҷ моҳи ахир эълом мекунанд, ки бархоста аз густариши вируси корона ва бекор шудани ҳазорон муҳоҷир дар Русия аст.

Ин дар ҳоле аст, ки коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2019 аз Русия ба кишвари хеш 2 миллиарду 700 миллион доллар ирсол карданд, ки 90 дарсади ин маблағ ба шакли рубл интиқол ёфт.

Ҳамчунин мизони муомилоти тиҷории Русия ва Тоҷикистон дар соли 2019 ба 1 миллиарду 53 миллион доллар расид, ки 900 миллион доллари он воридоти Тоҷикистон аз Русия аст.

Коршиносон муътақиданд коҳиши арзиши рубли русӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ бар иқтисоди Тоҷикистон низ таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Барчасп