Нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба делели вахим шудани вазъият дар марз бо Афғонистон
(last modified 2020-07-21T16:03:37+00:00 )
Июл 21, 2020 21:03 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба делели вахим шудани вазъият дар марз бо Афғонистон

Дар нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон мавзӯи вахим шудани вазъият дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти рӯзи сешанбеи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон аз вахим шудани авзои амниятӣ дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон ба далели афзоиши таҳаррукоти гуруҳҳои террористӣ ибрози нигаронӣ шуд. 

Имомали Раҳмон ба масъулони ниҳодҳои амниятӣ, марзбонӣ ва вазорати дифоъ дастур додааст,ки барои тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба манзури муқобила бо ҳар навъ таҳаррукоти гуруҳҳои террористӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон барномарезӣ кунанд.

Вай дархост кард,ки барои ташдиди мубориза бо созмонҳои террористӣ ва ифротӣ, қочоқчиёни маводи мухаддири фаромиллӣ ва гуруҳҳои ҷиноии созмонёфта дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон иқдом ба афзоиши теъдоди нерӯ ва таҷҳизот кунанд. 

Бар асоси гузоришҳои дарёфтии ахир мақомоти Афғонистон низ аз таҷамӯи гуруҳҳои террористӣ дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд.