31 июл рӯзи иди Қурбон дар Тоҷикистон
Маркази исломии Тоҷикистон эълом кард, имсол тибқи баровардҳои аввалия иди Қурбон рӯзи ҷумъаи 31 июл хоҳад буд.
Ба гузориши “Азия плюс”, ба далели ҳамагирии вируси корона дар рӯзи иди Қурбони имсол, намози ҷамоати ид баргузор намешавад.
Иди Қурбон як таътилоти солонаи исломӣ аст, ки рӯзи 10 зилҳаҷҷа, ду моҳу 10 рӯз пас аз иди саиди Фитр, мусулмонон дар саросари ҷаҳон онро таҷлил мекунанд.
Дар рӯзи иди Қурбон ҳоҷиён дар сарзамини ваҳй маносики ҳаҷи Хонаи Худоро идома медиҳанд, аммо имсол ин ойин дар сатҳи маҳдуд бо ҳузури ҳудуди ҳазор ҳаҷгузори дохили Арабистон доир мешавад.
Дар рӯзи иди Қурбон афроди тавонманд тибқи омӯзаҳои динӣ ҳайвонотро қурбонӣ мекунанд, аммо имсол бархе кишварҳо барои риояти муқаррароти беҳдоштӣ, забҳи чорво берун аз кушторгоҳҳоро низ мамнуъ кардаанд.
Солҳои қабл дар Тоҷикистон иди Қурбон маъмулан бо иқомаи намози ид дар ҳамаи масоҷид оғоз шуда ва се рӯз идома пайдо мекард.