Паёми дӯстии мардуми Тоҷикистон ба мардуми Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i55730-Паёми_дӯстии_мардуми_Тоҷикистон_ба_мардуми_Эрон
Мардуми Тоҷикистон дар паёме дӯстона хитоб ба мардуми Эрон гуфтанд: Шумо бар корнавирус пирӯз мешавед.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 23, 2020 19:27 Asia/Dushanbe

Мардуми Тоҷикистон дар паёме дӯстона хитоб ба мардуми Эрон гуфтанд: Шумо бар корнавирус пирӯз мешавед.

Ба нақл аз ИРНА, сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон эълом кард, ки шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, ҳунарӣ ва расонаии тоҷик дар паёми видеоӣ, хитоб ба мардуми Эрон, зимни ҳамдардӣ бо эрониён, навиди пирӯзии форсизабонон бар коронавирусро доданд.

Бар асоси ин гузориш, чеҳраҳои барҷастаи форсизабонони ин кишвари Осиёи Миёна, дар ин паёми мунташиршуда ёдовар шуданд, ки Эронзамин ҳамвора бар мушкилоти мухталиф ғалаба кардааст.

Тамошои ин видеои чанддақиқаии пурэҳсос, боиси таҳким бахшидани фарҳанги муштарак ва дӯстии дерини миллати Эрон ва миллати Тоҷикистон аст.