Июл 24, 2020 19:58 Asia/Dushanbe
  • 67 миллион сомонӣ маошу дастмуздҳои батаъхирафтода дар Тоҷикистон тайи шаш моҳи имсол

Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон мизони маошу дастмуздҳои ақибафтода дар ин кишвар тайи шаш моҳи соли ҷориро 67 миллиону 300 ҳазор сомонӣ унвон кард.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Гулру Ҷабборзода тайи нишасти хабарии имрӯз дар шаҳри Душанбе эълом кард, ки тайи шаш моҳи соли ҷорӣ мизони муаввақаи маошу дастмуздҳо дар ин кишвар ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ афзоиш ёфта ба 67 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расидааст.

Вай таъкид кардааст, ки бо талошҳои ин вазорат тайи шаш моҳи соли ҷорӣ маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маошу дастмуздҳои муаввақа пардохт шудааст.

Вазири кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди афродеро, ки натавонистаанд бамавқеъ маошу дастмуздҳои худро дарёфт кунанд, 18 ҳазор нафар эълом кард.

Гуфта мешавад, ки ин муаввақа аз ҳама бештар дар миёни коргарони бахши маъдан ва сохтмонсозӣ, саноеи табдилӣ, кишоварзӣ, муҳитбонӣ ва коргарони бахши моҳипарварӣ мушоҳида мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

Барчасп