Коршинос: Ҳизбҳои расмии дохилии Тоҷикистон нақше дар ҳаёти сиёсии кишвар надоранд
(last modified Sat, 25 Jul 2020 15:01:20 GMT )
Июл 25, 2020 20:01 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Ҳизбҳои расмии дохилии Тоҷикистон нақше дар ҳаёти сиёсии кишвар надоранд

Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ҳизбҳои расмӣ дар дохили Тоҷикистон нақше дар ҳаёти сиёсии кишвар надоранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Иршод Сулаймонӣ муътақид аст, ки пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 Ҳизби ҳокими халқи демократ мавқеияти худро дар ҳаёти сиёсии кишвар таҳким бахшид ва дигар ҳизбҳои дохилӣ нақше дар таҳаввулоти ин ҷумҳурӣ надоранд.

Ба гуфтаи вай, акнун аз 63 курсӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 42 курсӣ мутааллиқ ба аъзои Ҳизби халқи демократ аст, аммо намояндагони ҳизбҳои кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалист, коммунист ва демократ ва низ намояндагони мустақили барнома ва ҳадафи сиёсӣ надоранд ва ҳамсӯ ва муттаҳид бо Ҳизби ҳокими халқи демократ фаъолият мекунанд.

Сулаймонӣ афзудааст: Дар ҳафт соли ахир бар асари фишор бар мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон, гурӯҳҳои зиёде дар хориҷ фаъол шудаанд, ки паймони миллии Тоҷикистон шомили Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ, Ҷунбиши ислоҳот ва пешрафт, Анҷумани озодандешон ва Конуни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи 24, Созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон ва Анҷумани мубориза барои озодӣ ва адолат аз ҷумлаи ин ҳаракатҳо ҳастанд , ки худро мустақил медонанд, аммо ҳамагӣ бо ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон ба унвони созмонҳои террористӣ ва ифротӣ муаррифӣ шудаанд.

Коршиноси тоҷик натиҷа гирифтааст, ки бо чунин тавозуни неруҳои сиёсӣ, интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри имсол ба ҳамон шеваи қаблӣ баргузор хоҳад шуд ва ҳеч тағйире дар низоми сиёсии кишвар эҷод намегардад.