Ду миллиарду 100 миллион доллар гардиши молии тиҷорати Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2020
(last modified 2020-07-27T14:09:02+00:00 )
Июл 27, 2020 19:09 Asia/Dushanbe
  • Ду миллиарду 100 миллион доллар гардиши молии тиҷорати Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2020

Гардиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар нимаи аввали сол ҳудуди ду миллиарду сад миллион доллар будааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Авесто, ин мезони тиҷорат дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл як дар сад афзоиш доштааст.

Тибқи агентии омори раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз оғози имсол то кунун мизони содироти кишвар 654 миллион доллар буда, ки тақрибан 15 дар сад бештар аз шаш моҳи аввали соли гузаштааст.

Санг, металлҳои гаронбаҳо, маҳсулоти маъданӣ-семент, санги маъдан, ангиштсанг, барқ ва маводи бофандаги , аз ҷумлаи коло ва маводи содиротии Тоҷикистон аст.

Агентии омори раёсати Ҷумҳурии Тоҷикситон ҳамчунин эълон кард, дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистон ҳудуди як миллиарду 500 миллион доллар маҳсул ва коло ҳам ворид кардааст, ки ҳудуди 4 дар сад аз муддати мушобеҳи соли қабл камтар аст.

Бештари воридоти Тоҷиқитон аз кишварҳои Россия, Чин ва Қазоқистон аст.