Июл 28, 2020 08:36 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии размикори тоҷик дар баробари ҳарифи амрикоӣ

Муҳаммадҷон Наимов титанкори тоҷик тавонист бар ҳарифи амрикоии худ ғалаба кунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин размикори тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии титан,Ҷош Агустин- рақиби амрикоиро шикаст дод.

Ин варзишкори тоҷики дар даври дувуми мусобиқот ҳашт пирӯзӣ ва фақат як шикаст дошт.

Наимов аз назари техникӣ тавонист қолаби дифоии ҳарифи амрикоии худро ба ҳам бирезад ва дар ҳоле, ки фақат 22 сония аз даври дувуми рақобат оғоз шуда буд тавонист бо як зарба ҳарифро нок авт кунад.

Ӯ бо ин пирӯзӣ иҷозатномаи ҳузур дар Олимпии Токиоро дарёфт кард.