Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ба ҷурми қаллобӣ
(last modified Tue, 28 Jul 2020 04:24:29 GMT )
Июл 28, 2020 09:24 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав ба ҷурми қаллобӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷарми қаллобӣ дар Маскав боздошт шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Авеста, Беҳрӯзҷон Ҷалолови 28 сола худро корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия муаррифӣ мекард ва аз дигар ҳамватанони худ бо ваъдаи таҳияи чиптаи парвозҳои вижа ба мақсади Тоҷикистон аз онҳо пул мегирифт.

Ӯ сокини ноҳияи Панҷи Тоҷикистон ва муваққат ба Маскав сафар кардааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон аз 13 шаҳрванди тоҷик 490 ҳзор рубл қаллобӣ кардааст.

Яке аз қурбониён эътироф мекунад, ки бино ба дархости Ҷалолов, 25 ҳазор рубл ба корти бонкии ӯ мунтақил кард.

Кормандони амниятии сафорати Тоҷикистон дар Русия ин фиребкорро боздошт карданд ва таҳвили мароҷеи қонунӣ доданд.