Кам шудани мизони оби вурудӣ ба сади неругоҳи барқи обии Норак ва коҳиши содироти барқи Тоҷикистон
(last modified 2020-07-28T06:04:14+00:00 )
Июл 28, 2020 11:04 Asia/Dushanbe
  • Кам шудани мизони оби вурудӣ ба сади неругоҳи барқи обии Норак ва коҳиши содироти барқи Тоҷикистон

Далели коҳиши содироти барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон ва Афғонистон кам шудани мизони оби вурудӣ ба сади неругоҳи барқи обии Норак эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Мирзо Исмоилзода- мудири ширкати давлатии Барқи Тоҷик гуфт: Ба далели коҳиши мизони оби вурудӣ ба сади неругоҳи барқи обии Норак акнун содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон ва Афғонистон дар шабонарӯз 40 мегават коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Исмоилзода таи шаш моҳи нахусти имсол ба Афғонистон 546 миллиону 600 ҳазор киловат соат ва ба Узбакистон 358 миллиону 300 ҳазор киловат соат барқ содир шудааст.

Ӯ афзуд: Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл мақомоти ширкати миллии Барқи Узбакистон эълом карданд, ки ба далели коҳиши захираҳои оби садҳои Тоҷикистон акнун интиқоли барқ аз он кишвар аз 12 миллион киловат соат дар ҳар шабонарӯз ба 300 ҳазор киловат коҳиш пайдо кардааст.

Мақомоти ширкати миллии Барқи Узбакистон талош мекунанд, ки камбуди барқро бо воридот аз Туркманистон ҷуброн кунанд ва ҳатто мумкин аст дар соатҳое аз шабонарӯз дар кишвар барқ ҷирабандӣ шавад.