Ҳазинаи 1 миллиарду 300 миллион сомонии давлати Тоҷикистон барои идомаи сохти неругоҳи Роғун
(last modified 2020-07-30T03:52:49+00:00 )
Июл 30, 2020 08:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи 1 миллиарду 300 миллион сомонии давлати Тоҷикистон барои идомаи сохти неругоҳи Роғун

Вазорати молияи Тоҷикистон аз ҳазинаи маблағи 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ барои идомаи сохти неругоҳи Рғун таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба нақл аз радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Вазорати молияи Тоҷикистон эълон кард файни маблағи муодили 127 миллиону 700 ҳазор доллар аст.

Аз ин маблағ 1 миллиарду 297 миллион сомонӣ аз будҷаи давлатт ва бақия аз фуруши саҳоми молии ин неругоҳ дар хориҷ таъмин шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти ин Вазоратхона дар соли ҷорӣ  барои идомаи сохти неругоҳи Барқӣ обии Роғун аз будҷаи ҳукумати Тоҷикистон 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ ҳазина хоҳад шуд.

Ҳамчунин барои бозпардохти 500 миллион доллар Вом дар ёфт шуда аз хориҷ ,ки аз фуруши саҳоми молии ин неругоҳ ба даст омадааст , 34 миллион доллар ихтисос хоҳад ёфт.

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метри ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловват соат барқ дар сол , бузургтарин тарҳи Барқӣ обии минтақа аст.