Пешниҳоди 217 ном ва пешванди номи хонаводагии нав барои шаҳрвандони Тоҷикистон
(last modified Thu, 30 Jul 2020 04:30:44 GMT )
Июл 30, 2020 09:30 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди 217 ном ва пешванди номи хонаводагии нав барои шаҳрвандони Тоҷикистон

Раиси Кумитаи давлатии забон ва ислоҳоти Тоҷикистон 217 ном ва пасванди нави номи хонаводагӣ ба шаҳрвандони тоҷик пешниҳод дод.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Олимҷон Муҳаммадзода гуфт ; дар шаш моҳи нахустисоли ҷорӣ 217 номи нав барои фарзандони атбои тоҷик ба феҳристи асомии миллӣ изофа шуд ,ки Моҳпайкар , Фархзод , Бобуна , Дилошуб , Моҳистон , Зебосанам ва Исоназар аз ҷумлаи ин асомӣ аст.

Ӯ афзуд ; номгузории асомиии номҳои Ийзабелла , Синзара , Умрон , Шамил , Қамчибек , Шанқор , Нийна , Чарас , Темур , Дамир , Ануш ,Улуғбек , Туйчибой, Уктам  ва чанд исми дигар шаҳрвандони тоҷик мамнуъ эълон шуд.

Раиси кумитаи давлатии забон ва ислоҳоти Тоҷикистон гуфт ; бар асоси тасмими Ҳукумати Тоҷикистон акнун номи хонаводагии мардуми ин кишвар бепешвандҳои русии уф, аво , ва вич хоҳад буд ва пасвандҳои форсии зода, ён , ванд , гар , ёр , пур ,ниё , ва духт ҷойгузини вожаҳои бегона мешавад.