Август 05, 2020 13:24 Asia/Dushanbe
  • Поёни бозсозии таҷҳизоти неругоҳи Сарбанд дар соли 2022

Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз поёни бозсозии комили таҷҳизоти неругоҳи Сарбанд дар вилояти Хатлон дар соли 2022 хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, барномаи бозсозии шаш турбинаи неругоҳи барқи обии Сарбанд бо маблағи 136 миллион доллар кумаки роягони Бонки Осиёии рушд дар ду марҳила анҷом хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир чаҳор турбина аз шаш турбинаи ин неругоҳ иваз шуда ва насби таҷҳизоти ҷонибӣ барои интиқоли барқи он оғоз гардидааст.

Ҳамчунин бозсозии таҷҳизоти маркази мудирият, иваз кардани хутути интиқоли барқи 220 ва 110 киловатӣ ва трансформаторҳои тавзеи барқи ин неругоҳ барномарезӣ шудааст.

Пас аз бозсозии куллии ин неругоҳ тавони тавлиди барқи он аз 236 мегавати феълӣ ба 270 мегават хоҳад расид.

Неругоҳи барқи обии Сарбанд, ки 58 сол қабл рӯи рӯдхонаи Вахш сохта шуда акнун ниёз ба бозсозии таҷҳизотӣ дорад.

Неругоҳи барқ обии Сарбанд пас аз неругоҳҳои Норак бо зарфияти тавлиди 2 миллиону 700 мегават, Сангтӯда 670 мегават ва Бойғозӣ 600 мегават барқ дар сол аз нигоҳи иқтидор (зарфият) дар ҷои чаҳорум воқеъ шудааст.

 

Барчасп