Мактабҳои Тоҷикистон се баст мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56252-Мактабҳои_Тоҷикистон_се_баст_мешавад
Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом кард: Бо оғози соли таҳсилии нав дар ин кишвар аз ҳабдаҳуми август, тадрис дар мактабҳои ин кишвар дар се баст ва замони ҳар соати дарсӣ 25 дақиқа хоҳад буд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 08, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Мактабҳои Тоҷикистон се баст мешавад

Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом кард: Бо оғози соли таҳсилии нав дар ин кишвар аз ҳабдаҳуми август, тадрис дар мактабҳои ин кишвар дар се баст ва замони ҳар соати дарсӣ 25 дақиқа хоҳад буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, басти нахуст аз соати 8 субҳ то 10 ва 55 дақиқа, басти дувум аз соати 11 то 14 ва 5 дақиқа баъд аз зуҳр басти севум аз соати 14 ва 20 дақиқа то 17 ва 15 дақиқаи аср хоҳад буд.

Хонандагон бояд бо доштани ниқобак ва фосилаи якметрӣ аз якдигар ба шакли шатранҷӣ дар синфҳо мустақар ва ҳангоми вуруд ба мактабҳо ҳарорати бадани онҳо санҷида шаванд ва дар байни ҳар баст тамомии синфҳо бо маводи безараргардонӣ поксозӣ хоҳад шуд.

Дар тамомии роҳравҳои мактабҳо равуои хонандагон ба таври қатъ бо фосилаи иҷтимоӣ хоҳад буд.

Имсол ба далели густариши вируси корона ва таътили зудтари марказҳои омӯзишии Тоҷикистон, оғози соли таҳсилии нав низ ду ҳафта зудтар таъйин шудааст.

Дар Тоҷикистон ва кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд оғози соли таҳсилии нав дар мактабҳо, донишгоҳҳо ва дигар муассисоти омӯзишӣ ҳамеша аввали моҳи сентябр аст, ки имсол ба далели густариши вируси корона ин таърих тағйир кардааст.